ПАЁМ – ФАРОГИРИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМУ РУЗМАРА

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ – ФАРОГИРИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМУ РУЗМАРА

Дар иртибот ба иҷрои ҷадвали суҳбату вохӯриҳо оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Ганҷи дониш» вохӯри бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ,  мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуот Нусратова Шаҳноза  ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.

Сараввал Мунавараи Бозоралӣ ибрози андеша намуда, аз дастовардҳои кишвар ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, дар робита ба ин барои дар озмунҳои ҷумҳуриявие, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҳия ва баргузор мегардад омодагии хуб дида иштироки фаъолона варзанд.

Дар фарҷоми вохурӣ кормандони китобхонаи вилоятӣ миннатдории худро баён намуда, барои боз ҳам дар руҳияи ватандустдориву хештаншиносӣ, бедор сохтани ҳуввияти миллии насли ҷавон, ки ояндасози миллату давлатанд барору комёбиҳо орзу намуданд.