ПАЁМ МОРО БАРОИ РАСИДАН БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН ВА ҲАЁТИ ШОИСТА ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ МОРО БАРОИ РАСИДАН БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН ВА ҲАЁТИ ШОИСТА ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, бо аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва сокинони маҳал суҳбату вохуриҳо баргузор карда мешаванд.

Чунин вохурӣ бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Шарофат Худойдодова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Кафолат" бо аъзоёну ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Кафолат" Сайдализода Ҷурахон баргузор карда шуд.

Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуда, бандҳои алоҳидаи он ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Қайд гардид, ки Мояи ифтихор ва сарфарозиҳост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти

КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб