БАРГУЗОРИИ ВОХУРИИ СУДМАНД ДАР ДЕҲАИ ТУДАКАФШИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАРГУЗОРИИ ВОХУРИИ СУДМАНД ДАР ДЕҲАИ ТУДАКАФШИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ КӮЛОБ

Дар деҳаи Тудакафши ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Асозода Ҳотам, омӯзгори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Шоҳинов Ҳасан, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ бо сокинони маҳал гузаронида шуд.

Нахуст аз руйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Саъдуллоев Музаффар дар давраи фаъолият аз моҳи январи соли 2022 то моҳи январи соли 2023 шунида шуд.

Вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асозода Ҳотам вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб баромад намуданд.

Дар масъалаи созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода баромад намуда қайд карданд, ки бо аъзо шудан ба ҲХДТ ё аъзоҳаққӣ супоридан фаъолияти аъзои ҳизб маҳдуд нашуда, аъзо ва тамоми масъулин бо нишон додани ташаббусҳои неки худ барои баланд бардоштани мавқеи ҳизб дар ҷомеа корро пурзӯр намоем.

Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз маҷлиси КИМ ҲХДТ зикр намуда буданд, ки “Ман дар назди халқ барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти бузургеро эҳсос мекунам ва аз ҳар як узви ҳизб эҳсоси чунин масъулиятро талаб мекунам ”

Ҳамидиён Орзу-муовини раиси шаҳри Кӯлоб оиди мусоидат намудани сокинон дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Модар-Ватан” баромад намуданд. Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем ”.

Доир ба пешгирии ҷавонон аз шомишавӣ ба гурўҳҳои ифротгаро ва террористӣ омӯзгори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Шоҳинов Ҳасан баромад намуданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис дар баёни масъалаҳои ҷорӣ сокинон ба сухан баромаданд.

Эмомов Қосим сокини деҳаи Тудакафш пешниҳод намуд, ки дар деҳа масҷид ва ҳам ҷанозагоҳ аст, мо метавонем, ки масҷидро ҳамчун ҷанозагоҳ истифода бурда, дар ҷанозагоҳи деҳа баҳри фарзандони худ маҷмааи варзишӣ созем, то онҳо ба корҳои беҳуда андармон нашаванд.

Инчунин Эргашева М ва Ҳусейнов Эмомназар оиди кӯмак расонидан ба оилаҳои камбизоати деҳа ва соҳилбандӣ сухан намуданд.

Фирӯз Саймуминзода-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба ҷалби бештари сокинон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, зиёд намудани аъзо аз ҳисоби сокинони деҳаи Тудакафш сухан намуданд.

Вобаста ба иҷрои масъалаҳои дар ҷаласа матраҳгардида, қарорҳои якдилона бо ҷонибдории кулли аъзои ҲХДТ қабул карда шуд. Назорати иҷрои қарори мазкур бевосита ба зиммаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода ва раиси деҳаи деҳаи Тудакафш Саъдуллоев Музаффар гузошта шуд.

Баъд аз баргузор гардидани вохӯрӣ гуруҳи корӣ аз иншоотҳое, ки то 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сохта шаванд, дидан намуданд.

Дар назар аст, ки бо ҷалби ҷавонмардони деҳа ва аъзои ҲХДТ корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза хоҳад ёфт.

Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб