ТАРҒИБИ ПАЁМ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ТАРҒИБИ ПАЁМ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба шарҳу тавзеи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи вилоятӣ” вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар ин вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Асозода Ҳотам, намояндаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Кӯлоб-Абдуғаффор Хайриддинович, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи вилоятӣ” Шомадов Ниёзмад, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи вилоятӣ” Шомадов Ниёзмад меҳмононро муаррифӣ намуданд. Баъдан доир ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб-Сайвализода Салим баромад намуда, аз ҷумла, қайд карданд, ки сарфи назар аз таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Ҳамзамон, оид ба ҷалби аъзои ҲХДТ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”, мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, Салим Сайвализода андешаронӣ намуданд. Сипас, Асозода Ҳотам-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, аз нуқтаҳои асосии Паём ёдоварӣ намуданд, аз ҷумла қайд карданд, ки таваҷҷуҳи асосии роҳбарияти Олии Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маорифу тандурустӣ нигаронида шуда, ҳамасола ин соҳаҳо дастгириҳои бештар меёбанд. Абдуғаффор Хайриддинович-намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб доири пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, дар руҳияи баланди ҳарбӣ ватандустӣ тарбия намудани ҷавонон суханронӣ намуданд. Дар охир иштироккунандагон доир ба масъалаҳои баррасигардида суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб