ПАЁМ-ЗАМИНАГУЗОРИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ-ЗАМИНАГУЗОРИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Хатлон” вобаста ба ташвиқу таблиғи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд гузаронида шуд. Дар ин вохурӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Қурбонова Малоҳат, раиси ташкилоти ибтидоӣ Азизов Саъдӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Малоҳат Қурбонова вобаста ба нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, иброз доштанд, ки танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

Инчунин баромадкунанда аз рӯи ҷадвалу нақшаҳои дар Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроия аз санаи 19.01.2023 тасдиқгардида бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани корҳи созандагиву бунёдкорӣ ва дигар амалҳои нек, сари вақт анҷом додани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб, мустаҳкамтар сохтани робита бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ёрии амалӣ ҷиҳати ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳо ва дидан намудан аз ҳолати утоқи ҳизбӣ, шиору овезаҳо ва банду басти рӯзномаҳои ҳизбӣ низ суҳбат намуданд.