ПАЁМ-ДАСТУРИ НЕКУ СОЗАНДА

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ-ДАСТУРИ НЕКУ СОЗАНДА

Вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармонбахш” Ҷалолов Саид, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарқалъа” Шарипов Неъматулоо, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, Саймуминзода Фирӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баромад намуда, бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромии кишвар мардуми шарифи кишварамон санаи 23.12.2022 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъона тавассути оинаи нилгун мустақиман пахш гардид тамошо намудаанд. Зимни ироаи Паёмашон Пешвои миллат тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз ҷумла, иҷтимоиву иқтисодӣ, маорифу тандурустӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дастуру супоришҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян сохтанд.

Ин навбат дар Паёмашон Пешвои миллат қайд доштанд, ки: “Соли 2022 барои Тоҷикиситони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд” ва дар баробари ин, мужда доданд, ки 14 – уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии СММ дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қабул гардид. Дар робита ба ин, бо ифтихормандӣ Сарвари давлат тамоми мардуми Тоҷикистонро самимона табрик намуданд.

Дар ҳақиқат Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, дастурамалӣ рӯимизӣ буда, аз ҳар як бандҳои он кормандони ин ё он сохтор ба таври васеъ истифода менамоянд.

Сипас, иштирокчиён ба сухан баромада, аз норасоии дастгоҳи маблағтаъминкунӣ (банкомат) дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зиракӣ, таъмири роҳ аз истгоҳи роҳи марказӣ то назди беморхона, дастрас намудани маводҳои доруворӣ ба беморону шахсони ниёзманд ва дигар масъалаҳо дархосту пешниҳод намуданд.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб