ПАЁМ-РОҲ БА СУЙИ ФАРДОИ ДУРУХШОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ-РОҲ БА СУЙИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Ба мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ёрии таъҷилӣ” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Рустамова Латофат  суҳбату вохӯриҳо доир карда шуд.

Дар вохӯри мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ оиди Паёми имсола ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки ҳар як сокини кишвар Паёмро бо шарҳу тавзеҳаш сармашқи кори худ намояд, чунки дар Паём тамоми паҳлуҳои хоҷагидорӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар самтҳои хоҷагии халқ соҳа ба соҳа таҳлил гардидаст.

Инчунин дар идома вобаста ба дигар масъалаҳои муҳими рӯз Рустамова Латофат – раиси ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35 – умин солгарди Истиқлолият ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ даъват намуданд.
КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб