НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ МИЁНИ ҶОМЕА ТАРҒИБУ ТАШВИҚ МЕШАВАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ МИЁНИ ҶОМЕА ТАРҒИБУ ТАШВИҚ МЕШАВАД

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, бо аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва сокинони маҳал суҳбату вохуриҳо баргузор карда мешаванд.

Чунин вохурӣ бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Шарофат Худойдодова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Кӯлоб Нусратова Шаҳноза бо аъзоёну ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи пуст" баргузор карда шуд.

Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуда, бандҳои алоҳидаи он ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Қайд гардид, ки таваҷҷуҳи асосии роҳбарияти Олии ҳукумати мамлакат ба соҳаи маорифу тандурустӣ нигаронида шуда, ҳамасола ин соҳаҳо дастгириҳои бештар меёбанд.

Ҳамчунин вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва сафарбар намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша карда шуд.