ПАЁМ-ФАРОГИРИ ПАҲЛУҲОИ МУХТАЛИФИ СИЁСАТИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶИИ МАМЛАКАТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ-ФАРОГИРИ ПАҲЛУҲОИ МУХТАЛИФИ СИЁСАТИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶИИ МАМЛАКАТ

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Саратон” вобаста ба ташвиқу таблиғи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд гузаронида шуд. Дар ин вохурӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз иштирок ва суханронӣ намуданд.

Саймуминзода Фирӯз вобаста ба нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда , иброз доштанд, ки танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

Инчунин баромадкунанда аз рӯи ҷадвалу нақшаҳои дар Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроия аз санаи 19.01.2023 тасдиқгардида бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар амалҳои нек, сари вақт анҷом додани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб, мустаҳкамтар сохтани робита бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ёрии амалӣ ҷиҳати ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳо ва дидан намудан аз ҳолати утоқи ҳизбӣ, шиору овезаҳо ва банду басти рӯзномаҳои ҳизбӣ низ суҳбат намуданд.