ПАЁМ-ДАСТУРИ СОЗАНДА

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ-ДАСТУРИ СОЗАНДА

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи чашм” бо аъзо ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардид.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ иштирок ва баромад намуданд.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ зимни маҷлис қайд кард,ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як сухане, ки иброз мегардад як ҷаҳони маънӣ дошта, талошҳои пайваста ва садоқати Сарвари давлатро баҳри рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз нишон медиҳад. Масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон дастурамалӣ мукаммал мебошад, ки Пешвои миллат мо ҷавононро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон пайваста таъкид менамоянд,ки бояд ҷавонон дорои дониш, малака ва маҳорат бошанд. Ҳамеша он маҳорату малакаро барои ободии Ватан равона созанд.

Ҷонибдорони ҲХДТ дар охири ҷаласа изҳор доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоеро мемонад, ки мо фаъолияти минбаъдаи хешро боз ҳам такмил диҳем ва баҳри солимии ҷомеа ва барои дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат саҳмгузорӣ намоем.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб