ҲИЗБИЁН ДАР  АМАЛИШАВИИ НУҚТАҲОИ ПАЁМ САҲМГУЗОРӢ МЕНАМОЯНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҲИЗБИЁН ДАР АМАЛИШАВИИ НУҚТАҲОИ ПАЁМ САҲМГУЗОРӢ МЕНАМОЯНД

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулбоғ” вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунавараи Бозоралӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулбоғ” Изатов Рустам аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст - мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунавараи Бозоралӣ  ба сухан баромада қайд кард, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта  дар аксари соҳаҳо ба хусус  дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият  менамоянд. Аз ин рӯ комил дорам,ки занону бонувони тоҷик ҳамеша пуштибони ташшабусҳои созандаи Пешвои миллат мебошанд.

Дар идомаи суҳбат мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунавараи Бозоралӣ  таъкид  намуд, ки мо бояд аз ҳар  як нуқта ва ҷумлаи Паём дар пешбурди фаъолияти  кории ҳамарӯзаамон ҳамчун  дастурамали  рӯимизӣ самаранок истифода бурда,  кушиш намоем, ки дар амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми худро гузорем.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб