МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ ПАЁМ ДАСТУРАМАЛИ МУКАММАЛ БАРОИ КОРБАРИИ АҲЛИ ҶОМЕА

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ ПАЁМ ДАСТУРАМАЛИ МУКАММАЛ БАРОИ КОРБАРИИ АҲЛИ ҶОМЕА

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи ғадудҳои даруна” вобаста ба ташвиқу таблиғи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд гузаронида шуд. Дар ин вохурӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Фирӯз Саймуминзода вобаста ба нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, иброз доштанд, ки ҳоло шумораи муассисаҳои тандурусти нисбат  ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳоба 79 ҳазор расидааст.

Инчунин баромадкунанда аз рӯи ҷадвалу нақшаҳои дар Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроия аз санаи 19.01.2023 тасдиқгардида бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар амалҳои нек, сари вақт анҷом додани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб, мустаҳкамтар сохтани робита бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ёрии амалӣ ҷиҳати ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳо ва дидан намудан аз ҳолати утоқи ҳизбӣ, шиору овезаҳо ва банду басти рӯзномаҳои ҳизбӣ низ суҳбат намуданд.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб