ИРОАИ ПАЁМ- БАРОИ БЕҲБУД БАХШИДАНИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ИРОАИ ПАЁМ- БАРОИ БЕҲБУД БАХШИДАНИ

ЗИНДАГИИ МАРДУМ

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баракат” вохурӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, собиқадори меҳнат Шафоат Комилова,, гузаронида шуд.

Сараввал Салим Сайвализода зикр намуд, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои муҳим, ки мавриди таҳлил қарор гирифт ин соҳаи маорифи мамлакат буд. Дар Паём Пешвои миллат таъкид намуданд, ки соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Тўли 31 соли соҳибистиқлолӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб 1,5 млн хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Дар давоми 5 сол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2,3 млн нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.

Дар идомаи суҳбат Шафоат Комилова ба сухан баромада, оид ба ҷалби аъзои ҲХДТ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”, мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ ёдоварӣ намуданд.