МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ

СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи дил” вобаста ба ташвиқу таблиғи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд гузаронида шуд. Дар ин вохурӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, собиқадори меҳнат Комилова Шафоат, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи дил” Ҳалимов Каримҷон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Салим Сайвализода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Кӯлоб вобаста ба нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, иброз доштанд, ки танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

Агар тўли 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

Инчунин баромадкунандагон аз рӯи ҷадвалу нақшаҳои дар Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроия аз санаи 19.01.2023 тасдиқгардида бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани корҳи созандагиву бунёдкорӣ ва дигар амалҳои нек, сари вақт анҷом додани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб, мустаҳкамтар сохтани робита бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ёрии амалӣ ҷиҳати ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳо ва дидан намудан аз ҳолати утоқи ҳизбӣ, шиору овезаҳо ва банду басти рӯзномаҳои ҳизбӣ низ суҳбат намуданд.