ПАЁМ АҲЛИ ҶОМЕАРО БА ФАЪОЛИЯТИ САМАМАРАБАХШ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ АҲЛИ ҶОМЕАРО БА ФАЪОЛИЯТИ САМАМАРАБАХШ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонабонк” маҷлиси ҳизбӣ вобаста ба расонидани нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, омӯзгори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Шоҳинов Ҳасан, мудири филиали 56-БДА ҶТ “Амонатбонк Ҳақназарзода Саидакбар, мудири филиали 57-БДА ҶТ “Амонатбонк” Саидов Мирзоалӣ гузаронида шуд.

Дар мулоқот Сайвализода Салим ба сухан баромада зикр намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки дастурамалест аз ҳадафҳои  олии кишвар, ки ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад.

Дар охир иштирокчиён ба сухан баромада зикр намуданд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеъа барои беҳбудии зиндагии мардум, ободии Тоҷикистон барраси шудаанд. Барои амалӣ гаштани дастурҳои Пешвои миллат бояд ҳар як фарди ҷомеъа масъулият намуда барои шукуфоии Ватан саҳм гузорад.