ПАЁМ-ДАСТУРИ НЕКУ СОЗАНДА

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ-ДАСТУРИ НЕКУ СОЗАНДА

Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, омӯзгори ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шоҳинов Ҳасан, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Автодром” Табаров Зафар оид маҷлиси ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Вобаста ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим баромад намуда аз ҷумла қайд намуданд, ки   сарфи назар аз таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

Ҳамзамон оид ба ҷалби аъзои ҲХДТ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”, мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, пешгирии шомилшавии  ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ ёдоварӣ намуданд.

Дар охир иштироккунандагон доир ба масъалаҳои баррасигардида суолҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Баргузории суҳбату вохӯриҳо миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа идома дорад.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб