БАРГУЗОРИ ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “АНДОЗИ ШАҲР”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАРГУЗОРИ ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “АНДОЗИ ШАҲР”

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Андози шаҳр” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Андози шаҳр” Ҳусеёнов Баҳром вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузор намудани вохӯриҳо ин расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт анҷом додани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб, мустаҳкамтар сохтани робита бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ёрии амалӣ ҷиҳати ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳо ва дидан намудан аз ҳолати утоқи ҳизбӣ, шиору овезаҳо ва банду басти рӯзномаҳои ҳизбӣ иборат буд.

Корбарӣ аз рӯи ҷадвалу нақшаҳои дар Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроия аз санаи 19.01.2023 тасдиқгардида бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар амалҳои нек низ суҳбат карда шуд.