АМАЛИЁТИ УМУМИВИЛОЯТИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

АМАЛИЁТИ УМУМИВИЛОЯТИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Якшанбеи охири ҳар моҳ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор карда мешавад. Мақсад аз баргузор намудани амалиёти мазкур ин эҳтиром гузоштан ба руҳу арвоҳи гузаштагон, арҷ гузоштан ба ниёгон аст. Бо ибтикори Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, рӯзи якшанбе дар оромгоҳи деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд. Дар ин амалиёт кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолона  иштирок намуда, дар ободии оромгоҳ саҳм гузоштанд.