СОАТИ СИЁСӢ-ВАСИЛАИ БАЛАНД ГАРДОНИДАНИ МАЪРИФАТИ СИЁСИИ ХОНАНДАГОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

СОАТИ СИЁСӢ-ВАСИЛАИ БАЛАНД ГАРДОНИДАНИ МАЪРИФАТИ СИЁСИИ ХОНАНДАГОН

Дар Литсейи давлатии №1-и ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, директори муассиса Сабуров Пирмурод, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ташрипова Лола соати сиёсӣ гузаронида шуд. Соати сиёсӣ дарбаргирандаи мавзуҳои зерин буд:

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”;

2. Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;

3. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.

Мақсад аз баргузор намудани соатҳои сиёсӣ огоҳ намудани насли ҷавону наврас аз вазъи сиёсати ҷаҳон ва Тоҷикистон, инчунин ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи баланди ҳарбӣ-ватандустӣ мебошад.

 

Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва

матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб