СОАТИ СИЁСӢ-ВАСИЛАИ БАЛАНД ГАРДОНИДАНИ МАЪРИФАТИ СИЁСИИ ХОНАНДАГОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

СОАТИ СИЁСӢ-ВАСИЛАИ БАЛАНД ГАРДОНИДАНИ МАЪРИФАТИ СИЁСИИ ХОНАНДАГОН

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бо иштироки омӯзгорони муассиса соати сиёсӣ гузаронида шуд. Соати сиёсӣ дарбаргирандаи мавзуҳои зерин буд:

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”;

2. Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;

3. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.

Мақсад аз баргузор намудани соатҳои сиёсӣ огоҳ намудани насли ҷавону наврас аз вазъи сиёсати ҷаҳон ва Тоҷикистон, инчунин ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи баланди ҳарбӣ-ватандустӣ мебошад.

 

Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва

матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб