МУЛОҚОТ БО САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 13483 ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

МУЛОҚОТ БО САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 13483 ШАҲРИ КӮЛОБ

Бахшида ба 30 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб бо афсарону сарбозони қисми низомии 13483- д-и шаҳри Кӯлоб вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар мулоқоти зикргардида муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Исмоилзода Саидбурҳон, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Нозимов Абдулло, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон, директори ширкати миллии Формула 55 дар минтақаи Кӯлоб сарбозону афсарони қисми низомии мазкурро ба ифтихори 30 - солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои рисолати ҷавонмардӣ таҳният намуда, барои хизмати содиқонаву софдилонаашон дар роҳи хизмат ба Ватан изҳори сипос баён намуданд.

Дар охири баргузории чорабинӣ барои як қатор сарбозону афсарон сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ тақдимгардида, барномаи фарҳангии ҷолибе манзури онҳо гардонида шуд.