БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ БО КОРМАНДОНИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ БО КОРМАНДОНИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим хониши сиёсӣ гузаронида шуд.  Нақшаи мазкур ҳамарӯза аз ҷониби Раис, муовини раис, мудирони шуъба ва кормандони масъули ҳизбӣ ҳамарӯза гузаронида мешавад.

Дар рафти хониши сиёсӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб масъалаҳои зерин ба ҳозирин расонида шуд:

1. Расонидани ахборотҳои ҳафтаи охири ҳизбӣ

2. Таҳлили вазъи сиёсии Тоҷикистон ва таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ

3. Огоҳ намудани кормандон аз вазъияти сиёсии имрӯзаи ҷаҳон  

Мақсад аз баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ин огоҳӣ пайдо намудани кулли кормандон аз вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, истифодаи онҳо ҳангоми вохурӣ бо кормандони касбу кори гуногун ва аҳолӣ мебошад. Ин ба мо имконият медиҳад, ки барои бо мардум суҳбат кардан пурра омода бошем.