БО ҲАМИН АКСИЯИ ХАЙРИЯВИИ САЙЁРИ МО БА ОХИР РАСИД! 20.01.2023

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БО ҲАМИН АКСИЯИ ХАЙРИЯВИИ САЙЁРИ МО БА ОХИР РАСИД! 20.01.2023

Субҳи барвақт Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Олимон"-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо ТҶҶ созандагони Ватан ва шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ аксияи сайёрро таҳти унвони "Дили гарм" дар дохили шаҳри Кӯлоб баргузор намуданд.

Дар доираи аксия ба тамоми кормандони хоҷагии комуналии шаҳр, ки дар ҳавои сардӣ ба тоза карди роҳравҳои пиёдагард ва дарахтон аз барф машғул буданд, қаҳваи гарм ва ширинӣ бурда расониданд.