ИДОМАИ ТАШАББУСИ "ДИЛИ ГАРМ" ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БО ТАШАББУСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ОЛИМОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18-01-2023 ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Олимон"-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан-1"-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аксияи Сайёрро таҳти унвони "Дили гарм" дар дохили шаҳри Кӯлоб баргузор намуданд. Дар доираи аксия тамоми шаҳрро давр зада ба ҳар корманди роҳҳо, ки дар ҳавои сардӣ ба тоза карди роҳравҳои пиёдагард ва дарахтон аз барф машғул буданд, қаҳваи гарм ва ширинӣ бурда расониданд.