МО ҶАВОНОН ИН ВАТАНРО САРСАБЗУ ХУРРАМ МЕГАРДОНЕМ!!!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

МО ҶАВОНОН ИН ВАТАНРО САРСАБЗУ ХУРРАМ МЕГАРДОНЕМ!!!

Имрӯзҳо боду ҳаво қариб дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар кишвари азизи мо низ номусоид омадааст. Дар робита ба ин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифт, ки аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро роҳандозӣ намуда ва дар доираи он дастаҷамъона барои тозаву озода кардани барф дар атрофи муасисаву ташкилотҳои худ ва инчунин, роҳравҳои пиёдагарди кучаҳои шаҳр, ки ҷиҳати рафту омади сокинон мушкили эҷод менамояд ва ҳатто баъзан вақт ба тану ҷони одамон зарари ҷиддӣ (ҳангоми лағжидан дар болои ях) расонида истодааст, иқдом намоянд.

Ин ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро тамоми муасисаву ташкилотҳо нағз пазируфта, дар доираи ин иқдом аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" дар хиёбони марказии шаҳри Кӯлоб ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд, ки дар  рафти он роҳи пиёдагард ва дарахтон аз барф тозаю озода карда шуд.