АМАЛИШАВИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКЧОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ” ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

АМАЛИШАВИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКЧОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ” ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Имрӯзҳо боду ҳаво қариб дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар кишвари азизи мо низ номусоид омадааст. Дар робита ба ин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтем, ки аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро роҳандозӣ намояд ва дар доираи он дастаҷамъона барои тозаву озода кардани барф дар атрофи муасисаву ташкилотҳои худ ва инчунин, роҳравҳои пиёдагарди кӯчаҳои шаҳр, ки ҷиҳати рафту омади сокинон мушкили эҷод менамояд ва ҳатто баъзан вақт ба тану ҷони одамон зарари ҷиддӣ (ҳангоми лағжидан дар болои ях) расонида истодааст, иқдом намоянд.

Ин ташаббусро волонтёрон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дастгирӣ намуда, ба тоза кардани гирду атрофи муассиса аз барф машғул гардиданд, ки омаду рафти сокинонро осон гардонид.