АМАЛИШАВИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКЧОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ” ДАР Т.И “ХОНАООБОД”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

АМАЛИШАВИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКЧОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ” ДАР Т.И “ХОНАООБОД”
Имрӯзҳо боду ҳаво қариб дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар кишвари азизи мо низ номусоид омадааст. Дар робита ба ин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтем, ки аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро роҳандозӣ намояд ва дар доираи он дастаҷамъона барои тозаву озода кардани барф дар атрофи муасисаву ташкилотҳои худ ва инчунин, роҳравҳои пиёдагарди кучаҳои шаҳр, ки ҷиҳати рафту омади сокинон мушкили эҷод менамояд ва ҳатто баъзан вақт ба тану ҷони одамон зарари ҷиддӣ (ҳангоми лағжидан дар болои ях) расонида истодааст, иқдом намоянд.
Ин ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро тамоми муасисаву ташкилотҳо нағз пазируфта аз ҷумла дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонаообод”  ҳашари дастаҷамъона дар доираи ин аксия гузаронида шуд.