БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ 

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ 
Тибқи нақшаи муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соатҳои сиёсӣ миёни муассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилояти Хатлон баргузор карда мешавад.
Дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб  соати сиёсӣ баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузор намудани соатҳои сиёсӣ таҳлили вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, баланд бардоштани ҳисси масъулияти ватандӯстӣ миёни ҷавонону наврасон, робитаи мустаҳками маориф ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.
Соати сиёсӣ мавзӯҳои зеринро дар бар мегирифт.
1. Таҳлили вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон
2.  Тоҷикистон ташаббускори сатҳи байналмиллалӣ 
3. Паём, Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ 
Дар охир миёни хонандагон вобаста ба мавзӯҳои матраҳгардида саволу ҷавоб доир гардид.