ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдати пирони барҷомонда, маъюбон ва камбизоатон дар арафаи иду айёмҳо ва хабар гирифтан аз ҳолу аҳволи онҳо яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кумакҳои моддию пулӣ карда мешавад.
 Бо ин мақсад ба муносибати Соли нави мелодии 2023 раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” чанде аз пирони барҷомонда, маъюбон ва собиқ омӯзгорони муассисаро аёдат намуда, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахшу шодмонӣ аз ҳолу аҳволи эшон хабар гирифтанд ва ба онҳо кумаки молиявӣ расониданд. Зимни аёдат соли нави мелодиро ба оилаи онҳо табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва хушнудии рӯзгорро орзу намуданд.
 Зимни аёдат пирону маъюбон ва камбизоатон аз амалҳои хайрхоҳона ва ғамхории Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон дуои нек карданд.