ИДОМАИ АМАЛҲОИ ХАЙРИЯВИИ ҲИЗБИЁНИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ХАЙРИВИИ ҲИЗБИЁНИ КӮЛОБ
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба шумор рафта, сарвати бебаҳои миллат, омили рушди устувори ҷомеа буда, ҳолати солимӣ ва некӯаҳволии халқ, инъикоскунандаи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фардои дурахшони ҳар як миллату давлат мебошад. Ҳукумати кишвар ба соҳаи тиб таваҷҷуҳи зиёд дошта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар садҳо муассисаҳои тиббӣ бо тарзи муосир сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин миён табибонро зарур аст, ки барои солимии ҷомеа, ки асоси рушдёбии давлатро ташкил медиҳад, тамоми донишу малакаи худро равона намоянд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави мамлакатамон чорабиниҳои гуногуни хайриявӣ аз ҷониби роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон, вакилон ва соҳибкорон роҳандозӣ шуда истодааст. 
Дар баробари ин ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи пуст” дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ ба ҳамаи кормандон барои саҳми арзанда гузоштан дар нигоҳдошти солимии ҷомеа аз ҷониби маъмурият туҳфаҳои Соли навӣ  ва ба 3-нафар корманди эҳтиёҷманд кӯмакҳои молиявӣ расонида шуд.