ҒАМХОРИҲОИ ПАЙВАСТА НИСБАТИ ЯТИМОНУ БЕПАРАСТОРОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайвалиевич бо ташаббуси узви фаъоли ҲХДТ Мираҳмадов Ғайраталӣ чорабинии тантанавӣ дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ гузаронида шуд.
Боиси тазаккур аст, ки макони баргузории чорабинӣ бо арчаи солинавӣ, дастархони идона ва дигар лавозимотҳои идонаи солинавӣ ороста гардида буд, ки ба чорабинӣ ҳусни идона бахшид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайваалиевич баромад намуда, иштирокдоронро ба фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи Раёсат ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи накӯ ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу намуданд. Қайд гардид, ки таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан ба Шумо-фарзандони мо равона карда шудаааст, ки дар ин раванд ба ташаккули ҳаёти шахсӣ, таҳсил ва фаъолияти ояндаи Шумо заминаҳои мусоид гузоштан муваззаф гардидаем.
Зимни чорабинӣ тарбиятгирандагони муассиса суханронӣ намуда, аз баргузории чунин як фазои идона баҳри ятимони кулл миннатдории самимии худро ба роҳбарияти олии кишвар ва сарпарастон расониданд ва аз таваҷҷуҳи пайваста ба онҳо миннатдорӣ баён карданд.
Дар фарҷом ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуда, чорабинии фарҳангӣ бо иштироки қаҳрамонҳои афсонавӣ Бобои барфӣ ва Барфак роҳандозӣ шуда, хотири онҳоро болида гардонид.