БО МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА ВАТАНАМОНРО ОБОД МЕНАМОЕМ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузории шанбегиҳо идома дорад. 
Махсусан бахшида ба таҷлили сазовори Соли нави мелодӣ силсилаи корҳои ободониву созандагӣ, тамизкорӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар ин раванд дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молияи минтақа” бо ташаббуси аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Дар ин шанбегӣ гирду атрофи муассиса ба таври  назаррас тоза карда шуд. 
Ҷаъфарзода Маъруф-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур ба иштирокдорони ин шанбегӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки мо- аъзои ҲХДТ бояд дар ҳама кор пешсафу ташаббускор бошем ва супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро беиҷро нагузорем. Инчунин, номбурда ба ҷавонон ҳамчун Созандагони Ватан рӯ оварда, қайд намуд, ки меҳнат шарафи бузург аст ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвари аҷдодӣ аз вазифаҳои муқаддас ба шумор меравад.