ВУСЪАТИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ниҳолшинонӣ яке аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба як иди ҳақиқӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Кӯлоб санаи 24.12.2022 маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти чорабинии мазкур раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” Ҳакимзода Қадамшо, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.