ТАШАББУСИ НАВБАТИИ НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баъди вохӯрии роҳбарияти ФФТ бо раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Бахтиёр Назарзода ва роҳбарияти КФ "Равшан" дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб корҳои таъмирии чаманзори варзишгоҳ оғоз ёфт. 

Дар навбати аввал пеш аз борону барфҳо чаманзори майдон пурра тахту ҳамвор карда мешавад, сипас худи варзишгоҳ низ таъмири капиталӣ карда мешавад. 

Мақсади мо пеш аз ҳама оммавигардонии варзиш, таъмини шароити мусоид баҳри номбардорони миллат, бемушкилӣ гузаронидани бозиҳои хонагии “Равшан” дар Чемпионати соли 2023 дар назди мухлисон ва дар варзишгоҳи маркази шаҳри Кӯлоб қабул намудани бозиҳои хонагии ҷоми КФО мебошад. Умедворем, ки мухлисону ҳаводорони футболи Рашвани Кӯлоб иқдоми моро бо мухлисиву ҳаводории худ дастгирӣ мекунанд ва дар якҷоягӣ бо сарпарасти даста ҶДММ “Ҳоҷӣ-Шариф” ва дигар сарпарастон мо ба мақсаду мароми худ ноил мешавем.