ҲАР КӢ МОРО ЁД КАРД, ЭЗИД МАР ӮРО ЁД БОД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амалиёти ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ"  яке аз ташаббусҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мебошад, ки якшанбеи охири ҳар моҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба воситаи Кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад. Ҳадаф аз баргузор намудани ин ташаббус тозаю озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва шинонидани дарахтон мебошад.
Санаи 25.12.2022 чунин иқдом дар оромгоҳи деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд, ки дар он аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ иштироки фаъолона намуданд.
Дар ин чорабинӣ иштирокчиён дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои хушкидаю бегона тоза карда, дар ҳаққи гузаштагони ин макон дуои хайр низ хонданд.