АЪЗОИ НАВИ ҲИЗБ АЗ ҲИСОБИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон зикр менамоянд: «Захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузург буда, онҳо бойигарии миллии мо маҳсуб меёбанд, ки истифодаи оқилонаи онҳо метавонад, имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад». 
Қобили зикри аст, ки бунёди иншооти гидроенергетикӣ ба таъмини пурраи кишвар бо нерӯи барқ ва содироти бақияи он ба хориҷ маҳдуд нашуда, дар ин миён пайдоиши ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ аз зумраи афзалиятҳояанд, ки Тоҷикистонро ба нерӯи бузурги иқтисодии минтақа табдил медиҳанд.
Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд, ки пайомадҳои он дар рушд кишвари азизамон неку бобарор дониста мешавад.
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – сарпарасти маънавии Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» мебошад. Ин аст, ки ин ҳизби созандаю бунёдкор кормандони ин соҳаро низ ба худ ҷалб карда тавонист. Якчанд нафар ҷавонон бо аризаҳои худ барои шомил гардидан ба сафи ҲХДТ муроҷиат намуданд, ки дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи энергетикҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқи минтақа” дар фазои тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.