ИҚДОМИ ХАЙРИЯВӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои инсондӯстонаю некукоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб ба як қатор кӯдакони навзоди оилаҳои ниёзманд шаҳодатномаҳои ройгон тақдим намуд. Дар ин маросим мудири бахши САҲШ Саймуминзода Марям, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, собиқадорони САҲШ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. 
Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти САҲШ ба собиқадорони соҳа туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд.