ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА БАХШИДА БА РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар барномаи ҲХДТ таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар буда, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудаанд. 
Бо дарназардошти он, ки рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар ба фаъолияти босуботи соҳаи энергетика вобастагӣ дорад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини ҳадафи стратегии давлат — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ орзуҳои деринаи халқу миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро амалӣ намуда истодаанд. 
Дар замони рушди босуръати саноат ва техникаву технологияи муосири ҷаҳонӣ эҳтиёҷ ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда меафзояд, ки бартарияти мо дар ин самт захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр ҳамчун рӯзи кормандони соҳаи энергетика таҷлил карда мешавад. Ба ҳамин хотир, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб як қатор кормандони соҳаи энергетикаи шаҳрро бо сипоснома сарфароз гардониданд.