СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "СПИТАМЕН"

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

30 ноябри соли равон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он ҷараёни иҷрои қарорҳои Анҷуманҳои 13 ва 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳалаи минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Спитамен” соати сиёсӣ гузаронида шуд. 

Зимни вохӯрӣ иштирокдорон ба масъулин саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 

Дар охир Холмадзода Додихудо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Спитамен” интихоб карда шуд.