АЁДАТИ НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати эҳсонкорона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили Соли нави мелодии 2023 амалҳои гуногуни хайриявӣ дар манотиқи кишвар рафта истодаанд.
Дар ин баробар, аз ҷониби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Амонатбонк"-и шаҳрӣ Саидзода Мирзоалӣ ва "Амонатбонк"-и минтақа Ҳақназарзода Саидакбар дар шуъбаи 2-и кӯдаконаи табобатӣ-профилактикии назди беморхонаи сили шаҳри Кӯлоб дастархони идона ороста шуд. Ҳамзамон, ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.