Расонидани кӯмакҳои идона ба оилаҳои ниёзманди шаҳри Кӯлоб

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии шахсони ятиму бепарастор ва оилаҳои ниёзманд аз фазилатҳои неки инсонист, ки дар арафаи ҷашну маросими милливу тақвимӣ дар кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар пайравӣ аз ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳама иду ҷашнҳо ба оилаҳои табақаи эҳтиёҷманд кӯмакҳои гуногун мерасонад.

Ин навбат дар арафаи Соли нави 2023 аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб санаи 20 декабри соли равон ба якчанд оилаҳои ниёзманд кӯмакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, гӯшт, пиёз, картошка ва инчунин кӯмаки молиявӣ низ расонида шуд.
    
Зимни аёдат роҳбарияти шаҳри Кӯлоб аз аҳволи беморон пурсон гардида, изҳор намуданд, ки ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳборияти Олии кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва намегузорад, ки чунин оилаҳо худро танҳо эҳсос намоянд.

Бояд қайд намоем, ки чунин амалҳои хайру савоб боиси хушҳоливу руҳбаландии бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд гардида, онҳо миннатдории самимии худро ба давлату Ҳукумат ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати чунин дастгириҳои пайваста иброз намуданд.