РАҲПАЙМОИИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ раҳпаймоии ҷашнӣ баргузор гардид. Раҳпаймоӣ ба қабули ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бахшида шуда буд.
Ҷавонон, волонтёрон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” низ дар ин чорабинӣ иштироки фаъолона намуданд.