ЭМОМАЛӢ РАҲМОН –ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБ ДАР САТҲИ ҶАҲОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли илму адаб, фаъолон ва дигар шахсони масъул баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сипас, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар доираи қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун "Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо" эълон гардида, аз оғози соли 2025 ба баъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Ин руйдоди воқеан таърихӣ бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкамтар намуда, обруву нуфузи тоҷиконро ҳамчун миллати башардӯсту тамаддунофар боз ҳам баландтар меозад.
Дар идома ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар мавзӯи "Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо", мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ховаршинос Зафар Мирзоён, дар мавзӯи "Ташаббуси байналмиллалии Пешвои миллат дар бунёди илми пиряхшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Шералӣ Гадоев устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо" маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Дар охир шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб чунин ташаббусҳои беназири Сарвари давлатро хуб арзёбӣ карданд.
Бо ҳамин конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон -ташаббускори ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳон" хотима ёфт.