ОБОДОНИИ ВАТАНИ МАҲБУБАМОН ВАЗИФАИ МОСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вазифадор шуда буданд, ки бо саҳмгузорӣ дар ободонии Ватани маҳбубамон ба ҳайси ташкилотчӣ ба ин васила, ҷалб намудани сокинон барои рушди деҳот ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум тамоми кӯшишҳоро сафарбар менамоем.  Бо ин мақсад амалишавии дастуру супоришҳои роҳбарият Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ва ба ин васила дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  саҳм гузоштан дар ободии диёр бо ибтикори раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар деҳаи Тӯдакафши шаҳри Кӯлоб наздики 500 метр роҳ тариқи ҳашари дастаҷамъона сангфарш карда шуд, инчунин ба тозаву озода намудани маҳал ҷалб карда шуданд.  
Дар амалишавии чунин корҳои созандагию бунёдкунӣ саҳми Азим Иброҳим – Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр хеле калон аст.  Чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бомаром идома дошта, дар доираи дастуру супоришҳои мазкур корҳои созандагӣ ба анҷом расонида мешавад. Бояд гуфт, ки корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи Аксияи “Якҷоя месозем!”, ки мушкилиҳои умдаи иҷтимоӣ тавассути ин иқдом ҳалли худро ёфта истодаанд, ба роҳ монда шуда истодаанд.

Ободкорию бунёдкориро мо –сокинони Кӯлобшаҳр якдилона дастгирӣ мекунем.