БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ "ТОЗАГИИ СОҲИЛ"

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозагардонӣ ва нигоҳ доштани фарҳанги шаҳрдорӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ,  ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А." зери шиори "Тозагӣ гарави саломатӣ" дар тозагардонии сойи Тебалай аз партовҳо иштироки дастаҷамъона намуда беш аз 100 метр назди соҳилро аз партовҳо тоза карданд.

Чунин корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  роҳандозӣ гардида, иштирокдорон дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми муносиби хешро мегузоранд.