ТОЗАГИЮ ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки васеи кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар назди бинои Кумита шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.

Дар рафти шанбегӣ дохил ва гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб тозаю озода гардида, ҳамзамон, аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ корҳои таъмириву азнавсозӣ анҷом дода шуд.

Кормандони масъули ҳизбии шаҳри Кӯлоб пайваста кӯшиш менамоянд, ки бо амалҳои неку созандаи худ миёни дигар аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон намунаи ибрат бошанд.