АЁДАТИ САРБОЗОНИ ДИДБОНГОҲИ “ШОҲОН”-И НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷадвали тасдиқгардидаи раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода, Раиси шаҳри Кӯлоб, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсони масъул  сарбозони Дидбонгоҳи “Шоҳон”-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро аёдат намуданд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз шароити хизмати сарбозон, фаъолияти афсарон ҳамчунин сайқали маҳорати сарбозон пурсон гардида, аз тартибу низом ва нигаҳдории онҳо изҳори қаноатмандӣ кард.

Дар ин замина ба бошандагони  дидбонгоҳи мазкур кӯмакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, гушту биринҷ, пиёз, картошка, намак, сабзӣ,  равған, шакар ва дигар маводҳои хӯрокаи лозима  расонида шуд.
Бояд қайд намоем, ки  амалигардии чунин иқдомҳои созанда боиси хушҳоливу рӯҳбаландии сарбозон гардида, миннадории самимии хешро ба роҳбарияти давлату Ҳукумат махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.