ТАШАББУСИ СОКИНИ ВАТАНДӮСТУ САХОВАТМАНДИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, беҳтар намудани вазъи роҳ ва ҳаракати нақлиёту сокинон бо ташаббуси сокини маҳаллаи Тӯдакавши хоҷагии Сафаралӣ Зарипови шаҳри Кӯлоб Қурбон Бобоев як қисмати роҳи дохилии махаллаи мазкур мумфарш гардид.
Ба иттилои масъулин бо ҷалби мутахассисони роҳсоз ва техникаву масолеҳи зарурии роҳсозӣ корҳо дар муҳлати  муайянгардида ва бо сифати баланд пурра сохта ба истифода дода шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки роҳи дохили маҳаллаи мазкур  барои сокинон ва техникаву нақлиёт  дар фаслҳои гуногуни сол барои гаштугузор мушкилӣ эҷод мекард. Аз ин рӯ барои беҳтар гардидани ин қисмати роҳ, бо ҷалби техникаҳои ёрирасони роҳсозӣ корҳо дар самти мумфаршкунӣ ба анчом расонида шуд.
Раванди босуръати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳри Кӯлоб бозгӯи он аст, ки сокинони сарбаланди ин шаҳри бостонӣ иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри рушду нумуи Ватан марҳила ба марҳила корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.