“ДАР ҶАВОНӢ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ”- АЁДАТИ СОБИҚ РАИСИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайвалиевич ба аёдати собиқ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, узви фаъоли ҲХДТ, собиқадори меҳнат, профессор, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Аъзамов Хурсанд Саидович рафтанд. Зимни аёдат аз ҳолу аҳволи ӯ бохабар гардида, туҳфаи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро ба ӯ расониданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Аъзамов Хурсанд китоби тозанашри муҳаққиқ, ки бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардид, ба Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим тақдим гардид. Дар асари номбурда аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардидаанд.
Чунин иқдомро КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб идома дода, барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии роҳбарияти олии ҳизб тамоми имкониятҳоро истифода мебарад.
КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ