КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 28-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизбе ба майдони сиёсат омад, ки ба ҷомеаи феълии Тоҷикистон такя дошт ва эълон кард, ки ҷонибдори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва адолатпарвари иҷтимоист”.
Ин суханони Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як баҳои одилонаест, ки баёнгари воқеияти рӯзмарраанд. Дар ҳақиқат, ҲХДТ  дар тӯли 28 соли фаъолият тамоми нерӯи худро баҳри устуворсозии ин арзишҳо равона сохт. Ин ҳизби созанда бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, тавонист, оммаи васеи мардумро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ сафарбар намояд. 
Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 28-солагии рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор карда шуд.
Дар конференсияи мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, собиқ раиси Кумитаи иҷроия муҳтарам Валиева Саъбагул Амировна, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, собиқ  раиси Кумитаи иҷроия муҳтарам Ҳамидиён Орзу, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” Шоҳиён Алмосшо Набот ва дигар фаъолон, аъзову ҷонибдорони ҳизб иштирок намуданд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамагонро ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ муборакбод намуданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таблиғу ташвиқ ва татбиқи сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумат нақши калидӣ дошта, бо амалишавии барномаҳои он обрӯ ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа рӯз аз рӯз афзун гашта истодааст. Тибқи ҳисоботи оморӣ ба ҳолати 5-уми декабри соли 2022 шумораи аъзои ҳизб 10820 нафарро ташкил намуда, дар 245 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд. Аз ин миқдор, 6707 нафарашонро бонувон, 3537 нафарро ҷавонон ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аъзои ҳизб 28 фоизи аъзои ҳизб ба соҳаи маориф, 17 фоиз аъзои ҳизб ба соҳаи тиб, 6 фоиз ба соҳаи иқтисод ва молия ташкил медиҳад ва боқимонда аъзои ҳизб дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ рост меояд.
Сипас, собиқ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” Шоҳиён Алмосшо Набот баромад намуда, аз нақши ҲХДТ дар ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз, саҳми он дар фазои иттилоотӣ ва хизматҳои шоёни аъзоёни ҳизб баҳри халқу миллат ёдовар шуданд.
Дар охир ба аъзоёни нави ҲХДТ дар фазои тантанавӣ билети ҳизбӣ ва ба фаъолон сипоснома супорида шуд.